Дар вилояти Суғд шумораи дорандагони кортҳои пластикӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 128 ҳазору 700 нафар расиданд.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар шӯъбаи Бонки миллии ҶТ дар Хуҷанд хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Суғд шумораи доранадагони кортҳои платикӣ 45 ҳазору 400 нафарро ташкил медод, ки аз шумораи феъли 2,8 мартиба камтар буд.
Манбаъ афзуд, ки алҳол дар қаламрави вилоят 233 адад нуқтаҳои хизматрасонии кортҳои пластикӣ, аз ҷумла 74 банкоматҳо ва 159 POS-терминалҳо мавҷуданд
Мӯҳр