Тайи ду рӯзи гузашта ва бахусус имрӯз арзиши асъори хориҷӣ ба хусус доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст.
Тавре Азиз Саидӣ, як тоҷири сокини шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар се нуқтаи сарофии маркази пойтахт ӯ натавонистааст бо 472 сомонӣ 100 доллари амрикоӣ харидорӣ кунад. Номбурда мегӯяд, дар ҳамаи ғурфаҳои табдили арз қимати 1 доллар барои фурӯш 4 сомонию 74 муайян гаштааст. Ин дар ҳолест, ки сомонаи Бонки Миллӣ барои рӯзи 9-уми июн қурби асъори хориҷиро ба таври зайл пешниҳод кардааст: 1 USD (доллар) баробар ба 4.5795 сомонӣ, 1 EUR(евро) муодили 6.6961 сомонӣ ва 1 RUS (рубли русӣ) ба 0.1655 сомонӣ.
Мӯҳр