Зимни амалиёти кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ду сокини шаҳри Ваҳдат бо ҷурми одамрабоӣ боздошт гардид.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, ки рӯзи 6-уми августи соли равон соати 23:00 Содиқҷон Раҷабови 30 сола, сокини ҷамоати деҳоти Чилмазори ноҳияи Ваҳдат ва Муқим Ҳасанови 36 сола, сокини деҳаи Озодаи ҳамин ноҳия дар кўчаи Рўдакӣ Бахтиёр Пирови 40 сола, сокини деҳаи Озодаро зӯран ба бағоҷдони сабукрави «Опел-Вектра» савор карда, ба заводи сементбарории деҳаи Шури-боло мебаранд.
Ба иттиллои манбаъ, онҳо Бахтиёр Пировро он ҷо як шабона рӯз нигоҳ медоранд.
Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр