Алоқа бо Хоруғ, ки шаби 23-юм ба 24-уми июл қатъ гардида буд, то ҳол 9-уми август барқарор нашудаст.
Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон қатъи алоқаро ба чунин мӯҳлат бе эълони расмии сабаб ва огоҳии истеъмолкунандагон ғайриқонунӣ гуфт. Ҳабибов мегӯяд қонунгузорӣ маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарандагонро дар ҳолатҳои форс -мажор, ҳолатҳои вобаста ба мубориза бо терористҳо ва дигар масоили амниятӣ пешбинӣ кардаст: «Аммо истеъмолкунандагон ҳуқуқ ба иттилоот доранд. Масъулини давлатӣ ӯҳдароранд, ки дар чунин ҳолатҳо тавассути телевизион ва дигар ВАО ба мардум фаҳмонанд, ки ба ҳамин хел сабабҳо ба ҳамин қадар мӯҳлат алоқа қатъ мешавад. Бе огоҳӣ ва фаҳмондани сабаб қатъи алоқа таи 1-2 соат иҷозат аст. Вақте ҷинояткорон метавонанд бо истифода аз алоқаи мобилӣ таркиш ба вуҷуд оранд ё ғайра…. Лекин вақте қатъи алоқа бе огоҳӣ ва фаҳмондани сабаб 2-3 ҳафта давом мекунад ин ғайриқонунӣ аст».
То ҳол ягон масъули давлатӣ эълон накардаст, ки қатъи алоқа ба масоили амниятӣ дахл дошта, то кай идома хоҳад ёфт.
Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои қатъи алоқа бо Хоруғ чанд далелу фарзияро пеш овард, ки мутахассисон онро аз доираи илм ва қонунҳо берун гуфтанд. Бо вуҷуди он, ки алоқа бо Бадахшон пештар аз оғози тирпарронӣ шаби 23 –юм ба 24 –уми июл қатъ гардида буд, Зуҳуров мегӯяд алоқаро як тир аз байн бурдааст
Мӯҳр