Имрӯз, 9-уми август, футболбозони навраси Тоҷикистон (U-14) дар «Ҷоми Дӯстӣ» дар даври охирин бо дастаи Қирғизистон-2 вомехӯранд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар 4 сабқат ғолиб омада, феълан дар ҷойи аввал аст. Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати шаш даста аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар ду шаҳр- Бишкек ва Канти Қирғизистон ҷараён дорад.
Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар ин мусобиқа иштирок доранд. Наврасони тоҷик нахустин шуда, бо тими «Динамо-Юниор»-и Омски Русия ба майдон баромада ҳарифи аввалини худро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд. Дар даври дуюм мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон-1 ба вориди сабқат шуда бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Бозии севуми футболбозони навраси тоҷик дар варзишгоҳи «Абдиш-Ота»-и шаҳри Кант бо футболбозони навраси Туркманистон баргузор шуд. Дар ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Рӯзи 8-уми август, дар шаҳри Кант дар даври чорум тими «Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)-ро бо ҳисоби калони 13:0 шикаст доданд.
Пас аз натиҷагирии чор даври мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 12 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Футболбозони навраси Тоҷикистон дар даври охирин мусобиқа рӯзи 9-уми август дар шаҳри Кант бо дастаи Қирғизистон-2 қувваозмоӣ мекунад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то имрӯз чуни наст:
Ҷ
|
Дастаҳо
|
Б
|
Ғ
|
М
|
Б
|
Т
|
И
|
1
|
Тоҷикистон
|
4
|
4
|
0
|
0
|
21-2
|
12
|
2
|
Қирғизистон-2
|
3
|
3
|
0
|
0
|
14-3
|
9
|
3
|
Қирғизистон-1
|
3
|
2
|
0
|
1
|
18-5
|
6
|
4
|
Туркманистон
|
4
|
1
|
1
|
2
|
15-11
|
4
|
5
|
«Динамо-Юниор» (Омск, Русия)
|
4
|
0
|
1
|
3
|
7-13
|
1
|
6
|
«Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)
|
4
|
0
|
0
|
4
|
3-44
|
0
|
Мӯҳр