Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти вижае ошкор кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе бидуни асноди зарурӣ ва дар заминҳои фонди давлатӣ манзили зист бунёд гардидааст.
Тавре ба Озодагоназ ВКД хабар доданд, дар пайи ин амалиёт Баҳром Насруллоеви 40- сола, сокини кӯчаи Тунис бо ҷурми қаллоби дастгир карда шуд: «Номбурда моҳи апрели соли ҷорӣ дар квартали 4-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар масоҳати 100-метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, бинои истиқоматӣ бунёд намудааст».
Феълан, нисбати Баҳром Насруллоев парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр