Соати 18:00 ба вақти Душанбе муштазани тоҷик дар сабқати бокс дар қувваозмоии нимфиналӣ бо варзишгари ирландӣ Кэти Тейлор вориди рақобат мешавад.
Мавзуна, ки дар сабқати бокс дар вазни то 60 кило ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт, ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ хоҳад шуд. Чанде қабл дар чемпионати ҷаҳон низ Мавзуна дар сабқати ниманиҳоӣ бо Тейлор қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 6:16 шикаст хӯрда, мақоми севвумро соҳиб шуда буд.
Феълан, аз рӯи натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 73 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ ҳамоно Чин бо 73 медал- 34 тилло, 21 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 70 медал 30 тилло, 19 нуқра ва 21 биринҷӣ ба даст оварда мақоми дуюмро касб кардааст. Бритониёи Кабир бо 48 медал 22 тилло, 13 нуқра ва 13 биринҷӣ дар зинаи сеюм қарор дора .
Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 40 кишвар унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондонро соҳиб шудаанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 12 медали тилло, Русия 10, Фаронса 8, Италия 7, Олмон ва Қазоқистон 6, Нидерланд 5, Австралия, Эрон, Маҷористон ва Кореяи Шимолӣ 4, Куба, Беларус, Зеландияи Нав, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Украина ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Руминия, Дания, Лаҳистон, Бразилия, Ямайка, Хорватия ва Эфиопия ҳар кадом 2 медали тилло, Испания, Канада, Шветсия, Ҷумҳурии Чех, Кения, Словения, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Швейтсария, Литва, Венесуэла, Алҷазоир ва Гренада яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Чин бо 73 медал дар ҷойи аввал, ИМА бо 70 медал дар ҷойи дувум мебошанд. Бритониёи Кабир ва Русия 48-тоӣ медал доранд. Ҷопон 29 медал, Фаронса 28, Олмон 27, Австралия 25, Кореяи Ҷанубӣ 23 ва Италия 17 медал ба даст овардаанд.
Дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 48 медал- 10 тилло, 18 нуқра ва 20 биринҷӣ пешсаф аст. Қазоқистон бо 7 медал- 6 тилло ва 1 биринҷӣ дуюм аст. Беларус бо 8 медал- 3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар мақоми сеюм аст. Украина 9 медал -3 тилло ва 6 биринҷӣ, Гурҷистон 3 медал- 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, Литва- 2 медал 1 тилло ва 1 биринҷӣ, Арманистон ва Озарбойҷон 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардаанд. Эстония 2 медал -1 нуқра ва 1 биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Ӯзбакистон 1 медали биринҷӣ доранд. Феълан, 4 кишвари собиқи ИҶШС - Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.
Мӯҳр