Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон масъулини ҳамин осорхона хабар доданд.
Тибқи иттилои ҷаноби Камолов, директори осорхонаи Восеъ дар Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг, дар ин осорхона беш аз 2,5 ҳазор нигора нигоҳ дошта мешавад, ки аз он 1700 адади он ба маърази тамошо гузошта шудаасту бас.Ба қавли Камолов, боқӣ нигораҳо бо сабаби камбуди ҷойи тамошогоҳ, барои эҳтиёт дар ҳуҷраҳои махсус нигаҳ дошта мешаванд.
Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои ташрифи ками тамошочиён аз ин осорхона, роҳи вайронаи нақлиётгард будааст. Ба андешаи кормандони осорхона, ҳаводорони шиносоӣ бо таърихи ин диёр, ба хусус рустои Дараи Мухтор ва воқеаҳои муборизи ин марди боғурур, ки ҳанӯз дар давраи диктатурии амирӣ ва бекигариҳо, ки кӯҳистониҳо ҷуръати садо рӯшан кардан надоштанду нахустин ва охирин ошӯб дар ин мавзеъ доир гардида буд, зиёданд. Вале бо сабабҳои дурӣ ва вайронии роҳ на ҳама хоҳишмандон метавонанд аз осорхона дидан кунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Ховалинг тасмим гирифтаст, то ҷасади ин марди муборизро аз Бухоро ба зодгоҳаш интиқол диҳад. Ба қавли Қодир Валиев, раиси феълии ноҳия, дар ин маврид ҳукумати маҳаллӣ бо як мактуби расмӣ ба унвони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст, аммо бо гузашти беш аз яку ним сол аз он ҷониб ҷавобе нарасидааст.
Мӯҳр