Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок ронандаи 29 сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА) ба Озодагон иттилоъ дод, рӯзи гузашта, 6-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси», Бахтиёр Бобохонов аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар километри 135-уми мавзеи «Дашти Айнӣ» идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобили роҳ баромада бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бархурдааст: « Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Масрурҷон Бобоеви 29 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад». Сарчашмаи хабар илова намуд, ки мусофири автомашинаи «Опел-Астра», Ҳасан Ҳасанов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мӯҳр