Кормандони нозироти андози ноҳияи Фархор дар нимсолаи соли равон нақшаи андози давлатиро ба миқдори 101 фисад иҷро кардаанд.
Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия аз ҷамъоварии андози давлатӣ ба ин шева қаноатманд аст. Ӯ, ки дар ҳузури журналистон сӯҳбат мекард, афзуд: «Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 1 милёну 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намудаанд».
Гуфтанист, 1 фоизи аз нақша зиёд ҷамъ овардаи андози давлатӣ ва даромад ба буҷаи маҳаллӣ ҳамагӣ каме бештар аз 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси ноҳия, ҳанӯз бақияпулӣ ва ё қарз аз андози давлатӣ дар ноҳия зиёда аз 2,5-милён сомонӣ боқӣ мондааст. Гузашта аз ин, ноҳияи Фархор наздик ба 70 фисад дар дотатсия, ё худ дастгири ҳукумати марказӣ будааст.
Бо инчунин фаъолияти бефаъолиятӣ, гумон меравад Фархор боз чандин даҳсолаи дигар дар дастнигарӣ боқӣ монда, рушди ноҳия ва баланд гаштани сатҳи зиндагии сокинонаш ба гумон аст
Мӯҳр