Нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам афзойиш ёфт.
Тибқи иттилои rbk.ru нишасти ахири вазирони нефти давлатҳои узви ОПЕК, ки дирӯз дар Вена сурат пазируфт бе натиҷа анҷом ёфтааст.Гуфта мешавад, қимати як бушкаи «тиллои сиёҳ» 1 доллари дигар боло рафта, навъи бренд барои моҳи дигар баробар ба 117 доллару 87 сент муайян шуд. Дар ҳамин муддат, арзиши ҳар бушка нафти сабуки амрикоӣ низ 60 сент зиёд шуда, 99 доллару 69 сент ба фурӯш рафт.
Мӯҳр