Муслима Броимшоева, райиси ҲНИТ дар Бадахшон таъин гардид.
Дар ин бора Маҳмадалии Ҳайит, муовини райиси ин ташкилоти сиёсӣ, ки ахиран аз Хоруғ баргашт ба Озодагон иттилоъ дод.
Боздиди ҳайати ҲНИТ, бо роҳбарии ҷаноби Ҳайит ба маркази маъмурии вилояти МБК аз 4-ум то 6-уми августи соли ҷорӣ, дар пайи қатли райиси вилоятии ҳизю марҳум Сабзалӣ Мамадризоев ва бедарак шудани масъули шаҳрии ин ҳизб Шерӣ Карамхудоев дар ҳаводиси Хоруғ (21 то 25-уми июли соли 2012) сурат гирифта буд. Гуфта мешавад, Карамхудоев, аз рӯзи аввали амалиёти мақомоти қудратии кишвар то ҳанӯз бедарак аст.
Бинобар иттилоъи манбаъ, яке аз ҳадафҳои сафари ин ҳайат ҷамъоварии иттилоъ дар бораи гумшуда ва таъйини роҳбари нави ҳизб дар бахши вилояти Бадахшон буд.
Мӯҳр