Тибқи ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ 10 сол пас ниёзи кишварҳои Осиёи Миёна - Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба энергияи барқ бештар мегардад.
Ба иттилои бонк, айни ҳол дар минтақаи Осиёи Миёна тайи як сол 130 миллиард кВт соат барқ истеҳсол мешавад. Баъди 10 сол барои қонеъ намудани талаботи минтақа ҳадди ақал 180 миллиард кВт/ cоат лозим аст. Баъди 15 сол ин нишондод ба 206 миллиард кВт/соат баробар хоҳад буд.
Масъулини ин созмони молиявӣ мушкили норасоии энергияи барқро айни ҳол актуалӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла дар натиҷаи норасоии барқ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором тақрибан 1,9 миллиад одам имконияти маҳдуди нигоҳдории тандурустӣ, рушди иқтисодӣ ва гирифтани маълумотро доранд.
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд дар ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид- «Энергияи устувор барои ҳама» Тоҷикистон дар қатори панҷ кишвари дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудаст, ки маънои аз тарафи ин созмон эътироф шудани захираҳои бузури энергетикии кишварро дорад.
Айни ҳол захираи танҳо гидроэнергетикаи Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соат баҳогузорӣ мешавад, ки фақат 4 фоизаш мавриди истифода қарор дораду халос. Дар сурати истифодаи дуруст захираҳои Тоҷикистон на танҳо барои Осиёи миёна балки Осиёи ҷанубӣ ҳам кифоя арзёбӣ мегарданд.
Мӯҳр