«Зинда ва ё мурда, аммо то дами марг дар Либия боқӣ мемонам».
Дар ин бора Муаммар Каззофӣ, раҳбари Либия пас аз ҳамалоти шадиди ҳавоии нерӯҳои паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) иброз доштааст. Ин паёми президент баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе дар телевизиони давлатии ин кишвар пахш шудааст. Каззофӣ, ки ҳафтаҳост дар байни издиҳом ва телевизион ба назар наменамуд, гуфтааст, ё мемирад, ё меҷангад, аммо таслим нахоҳад шуд. Президент-полковник Каззофӣ гуфт: "Мо фақат як гузина дорем. Ин кишвари мост ва то охир дар он боқӣ хоҳем монд, мурда, зинда, пирӯз".
Мӯҳр