Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз натиҷаи санҷишҳояшон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иттилоъ медиҳад, ки 98 – 99 фоизи андозсупорандагон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.
Ӯ мегӯяд, мо кӯшиш мекунем, ҳамаро зери назорат гирем: «Санҷишҳое, ки дар шаш моҳи гузашта гузарондем, ҳамаи категорияҳои андозсупорандаро фаро мегиранд. Ин ҷо андозсупорандаҳое ҳастанд, ки бо патент, бо шаҳодатнома, бо низоми соддакардашуда ва ё бо низоми умумӣ умумӣ фаъолият мекунанд».
Ба қавли ӯ, давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 2 фоизи андозсупорандагон, яъне 1 ҳазору 434 андозсупорандаро аз санҷиш гузаронда ба маблағи 136 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудаанд:«Аз ин ҳисоб ба мо имкон шуд, ки 93,2 миллион сомонӣ ба буҷет ворид кунем».
Дар мавриди шеваю шумораи санҷишҳои мақомоти андоз бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд такмил ёбанд. Зимни ислоҳоти низоми андозбандӣ, ки президенти Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар мақсад гузоштаст, коҳиши шумораи санҷишҳо ва таъмини шафофият дар ин бахш зарур арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр