Ширкати русии «Газпром» аз чор се ҳиссаи корҳои пармакуниро дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п» дар мавзеъи Сариқамиш ба анҷом расондаст.
Тибқи иттилои масъулини ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз 6300 метр корҳои пармакунии лоиҳавии чоҳ 4690 метр анҷом дода шудааст, ки ин наздики 75 фоизи корҳоро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввал дар чоҳи гази «Шаҳринав-1п» ба чуқурии 1103 метр корҳои пармакунӣ иҷро шудаанд.
Алексей Миллер, раҳбари ширкати «Газпром» охирҳои соли 2010-ум зимни оғози корҳои пармакунӣ дар чоҳи Шаҳринав-1 захираи онро беш аз 60 миллиард метри мукааб гуфта, таъкид намуда буд, ки дар сурати ба истифода додани захирахои ин чоҳ сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол ба гази худӣ таъмин хоҳанд шуд. Вай ваъда дод, ки дар ду-се соли оянда ин ширкат истихроҷи газро дар ин чоҳ оғоз мекунад. Ҳозир бо такя ба таҳлилҳои нав, масъулини «Газпром» захираҳои пешбинишударо дар минтақаи Сариқамиш 18 миллиард метрии мукааб газ ва 17 миллион тонна нафт баҳо медиҳанд.
Айни ҳол дар бахши нафту газ Тоҷикистон тақрибан 100 фоиз пойбанди Ўзбакистону Русия буда, дар назар аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани захираҳои нафту гази Сариқамиш вобастагии Тоҷикистон аз хориҷа камтар гардад.
Мӯҳр