Як рӯзномаи Туркия хабар дод, ки дар пайи нишасти ахири Шӯрои низомӣ хабари боздошти 40 афсаре, ки пешбинӣ мешуд дараҷаи баландтаре бигиранд, эълом шуд.
Хабаргузории Форс бо такя ба нигоштаҳои рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия навишт, ки 40 афсари артиши ин кишвар ба дастури Шӯрои низомии Туркия боздошт шудаанд.
Бархе манобеъ бо нақли ин хабар эълом карданд, ки боздошти ин афсарон аз бими иҷрои табаддулот ва ширкати онҳо дар тарҳи кудето дар ин кишвар анҷом шудааст. Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии TRT-и Туркия гузориш кард, ки нишасти Шӯрои низомӣ барои тайини фармондеҳони ҷадиди нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ба поён расид ва ин нишаст ба раёсати Раҷаб Тайиб Ардуғон се рӯз тул кашид. Бинобарин гузориш, тасмимҳои ҷадиди Шӯрои низомӣ ба иттилои Абдулло Гул-Раиси ҷумҳури Туркия низ расид ва вай низ бо он мувофиқат кардааст.
Мӯҳр