Дар ин бора ба хабарнигори Озодагон дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилоят иттилоъ доданд.
Ба қавли сарчашма, тайи ҳафт моҳи соли равон аз тарафи кормандони мақомоти милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 158 кг 031 гр маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 145 кг кам мебошад.
Бояд гуфт, дар 7 моҳаи аввали соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 412 кгмаводи мухаддир мусодира карда шуда буд.Аз ин миқдор зиёда аз 63 кг-и онро маводи сахттаъсири ҳероин, 165 кг гурӯҳи бангдона, 22 килоашро афюн ташкил медод.
Мӯҳр