Ғуломҷон Миргадоев дар фестивал-озмуни сарояндагони сурудҳои эстрадӣ, ки таҳти унвони «Суруди сол» баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи «Гран-при» гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, фестивали мазкур рӯзҳои 3- ум 5-уми августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он
70 нафар барои ширкат намудан ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда буданд: «Ба даври якуми озмун 20 нафар роҳхат гирифт, вале дар даври дуввум 12 сарояндаи ҷавон гузашт. Даври ниҳоии фестивал-озмун дар варзишгоҳи «Спартак» - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик (ба ҳайси меҳмон) баргузор шуд, ки «Гран-при»и озмун насиби Ғуломҷон Миргадоев гардид». Манбаъ мегӯяд, дар фестивал-озмуни сарояндагони сурудҳои эстрадӣ ҷои аввалро ду нафар- Рӯзиҷон Ваҳҳобова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Толиб Исмоилов аз шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд. Ҷои дуввум насиби Парвиз Раҷабов аз вилояти Хатлон , Алишер Абдусатторов аз шаҳри Исфара ва Дамир Олимов аз ноҳияи Ғончӣ гардид.
Миҷгона Иброҳимова аз шаҳри Душанбе, Фарзона Давлатова аз шаҳри Чкалов, Сардор Солиев аз шаҳри Хуҷанд ва Акмал Воситӣ аз Исфара сазовори ҷои саввум дониста шуданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибони озмун Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанг ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд супориданд.
Мӯҳр