Ронанда аз беэҳтиётӣ пиёдагарди канори роҳро пахш кард.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи сабукрави «Лабо» Ғулом Ҷумъаеви 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ноҳияи.Конибодом, аснои ҳаракат бо кӯчаи Ленин дар рӯ ба рӯи бинои 2, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мӯҳриддин Болтабоеви 18-сола, сокини кӯчаи Шукурови ноҳияи Конибодомро, ки дар канори роҳ менишаст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Болтабоев ва мусофири нақлиёт Иброҳимов Элмуроди 23-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъди чанд соати интиқол ёфтан ба касалхона Мӯҳриддин Болатабоев ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр