Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар маркази маъмурии ВМКБ амалиёти махсус роҳандозӣ карданд.
Тавре аз дафтари матбуоти ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, санҷиши мазкур ба хотири пешгирии содиршавии садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва таъмини низому тартибот дар роҳу шоҳроҳҳо доир карда шудааст. Дар ин санҷиш як далели идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бист ҳолати бе иҷозатнома сиёҳ намудани воситаҳои нақлиёт, ду далели идораи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлати бегона, 15 ҳолати идораи воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 4 далели аз меъёри муқарраргардида баланд намудани суръати ҳаракат, 2 ҳолати идораи нақлиёт бе муоинаи техникӣ, 3 далели вайрон кардани қоидаи мусофиркашонӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо ошкор ва бартараф карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, сабабҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ, ин рондани нақлиёт дар ҳолати мастӣ, баланд намудани суръат аз меъёри муқарар гардида, дар ҳолати бади техникӣ қарор доштани воситаи нақлиёт ва умуман риоя нагардидани талаботи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.
Мӯҳр