Ин зан бо ҷурми ришва ситониданаш аз як хоҳишманди сафари ҳаҷ аз ҷониби кормандони милиса дастгир карда шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар ноҳияи Сино-2 муайян карда шуд, ки Саида Ризоеваи 52 -сола, сокини кӯҷаи Муҳаммадиеви пойтахт то ин замон ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, хонум Ризоева, рӯзи 30-уми октябри соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Умедҷони Талбакзода, сокини ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хирманак даромада барои ба ҳаҷ фиристодан аз ӯ 12.000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Феълан, нисбати айбдоршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр