Як ширкати туркӣ бо номи «Курулан электримишинер» тақрибан д усол пеш обёрии даштҳои Данғараро ба зимма гирифта, бо Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ шартнома ба имзо расонида буд.
Зимнан, Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара ба Озодагон гуфт, асосан чунин ширкат мавҷуд набудааст, низомномаи муайян надоштаву гузашта аз ин, бо ҷониби Тоҷикистон шартнома надоштааст: «Аз ин хотир, то рӯшанӣ андохтан дар самти ин ширкат ва пайдо шудани сохтмончиёни нав ба воситаи тендер, корҳои сохтмонӣ ва обёрикунонӣ дар даштҳо муваққатан қатъ гардидаст».
Дар ҳамин ҳол, Сафар Каримов, директори маркази обёрии Данғара дар назди вазорати хоҷагии об мегӯяд, он чӣ дар бораи ширкати туркӣ гуфтаанд, комилан хатост: «Ширкати мазкур наздики 32 километр каналро дар марҳилаи аввал тозаву пок намуда, дар даври дуюм низ тақрибан 12 километр канали дигарро мавриди истифода қарор дод. Сифати корҳои сохтмонӣ баланд буда, дар ин муддат беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ин ширкати туркӣ ба анҷом расонида шудаанд».
Номбурда даъвои масъулини ҳукумати Данғараро дар мавриди ғайришартномавӣ фаъолият намудани ширкати туркии ООО «Курулан», комилан нодуруст хонд: «Ҷурми сохтмончиёни турк дар он аст, ки маблағгузории лоиҳаи обёрии заминҳои Данғара тавассути Бонки исломӣ пиёда мешавад ва ин бонк бо ширкати туркӣ дар ҳамкорӣ нест».
-Бо гузаронидани тендер аз ҷониби Бонки исломӣ ширкати тоҷикистонии ҶММ «Душанбесохтмон» ва «Алемтрансстрой» аз ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои наздик дар обёрии қисмати дуввуми заминҳои Данғара корҳои сохтмониро оғоз хоҳанд намуд,- гуфт ҷаноби Каримов.
Мӯҳр