Тибқи иттилои кумитаи омори кишвар айни замон дар ҷумҳури 143 корхона, ё 15,4 фоизи шумораи умумии корхонаҳо кор намекунад.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали соли равон то моҳи июн 542 корхона (58,2 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба соли 2011 баланд бардоштанд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, феълан истихироҷи газ, намак, ашёҳои ғайримаъданӣ, истеҳсоли гӯшт, арақ, шароб оби ҷав, папиросу сигарет, кам гардидааст. Инчунин, тавлиди маснуоти дӯзандагӣ, тахтасангҳои мармарин, семент, плитаҳои тарабхонаҳо, трансформаторҳои қувваӣ, маснуоти кабелӣ, лампаҳои каммасраф, саноат аз пластикаи филизӣ коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин истихироҷи ангиштсанг ва ангишти бӯр, нафт, истеҳсоли колбасаҳо, макарон ва масноти қаннодӣ дар кишвар зиёд гардидааст. Ба замми ин истеҳсоли равғани растанӣ, консерваҳо,нӯшокиҳои беспирт, калобаи пахтагини яктора, қолин ва маснуоти қолинӣ, газворҳои пахтагин, газвори абрешимӣ, маснуоти ҷӯробу паймоқ, пойафзол (аз он ҷумла бачагона), пӯст, собун хоҷагӣ, хишти бинокорӣ, оҳану бетони васлшаванда ва ғайраҳозиёд шудааст.
Мӯҳр