Парлумони Афғонистон барои аввалин маротиба ба ду вазири сохтори қудратии кишвар изҳори нобоварӣ кард.
Зимнан, президенти кишвар бекор кардани ваколати ин ду нафарро пазируфтааст. Тибқи иттилои сомонаи «Афганистан.ру» парлумони давлати исломӣ аз ҳукумат хост, то Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилӣ ва Абдураҳим Вардақ, вазири дифоъро барканор ва ба ҷои онҳо афроди шоистаеро пешбарӣ кунад.Ин ду вазирро рӯзи шанбе ба парлумон хонданд, то дар бораи вазъи амниятии кишвар гузориш диҳанд. Як мавзӯъи асосии баҳс вазъ дар вилояти Кунар буд. Дар авоили ҳафта бар асари ҳамлаи садҳо толиб ба ин вилояти ҳаммарз бо Покистон як сарбоз ва як зан кушта шуд. Мақомоти афғон мегӯянд, толибҳоро дар ин талоши тасарруфи 8 вулусволии Кунар сарбозони покистонӣ ҳамдастӣ мекарданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамин Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилаи Афғонистон буд, ки замони шурӯъи нооромиҳо дар Хоруғ дар раъси як ҳайати баланадпояи ҳукумати Афғонистон ба Душанбе омад ва бо ҳамтоёни тоҷикаш ҷиҳати ҳамкорӣ дар амри пешгирӣ аз ҳар навъи талоши кӯмаки низомӣ аз он сӯи марз чанд тавофуқи муҳим баст.
Мӯҳр