Дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар байни 78 давлати дунё ва 250 нафар толибилмони ҷаҳон барои ҷой якум аз фанни кимиё мубориза бурда, намояндаи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард.
Ин олимпиада дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат пазируфт. Маҳмудхон Шоев, сухангуйи Вазорати маориф зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, олимпиада аз 21-ум то 30-юми июли соли равон доир гардида, дар он намаояндагони 78 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ Тоҷикистонро 4 нафар хонандагони литсейҳои тоҷикию туркии кишвар ва гимназия-интернати русию тоҷикии «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ карданд. Дар олимпиадаи мазкур аз 4 нафар намояндагони Тоҷикисон яке соҳиби медали тилло ва 2 нафари дигар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Улуғбек Баротов, хонандаи гимназияи «Ҳотам ва ПВ» якумин нафарест, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барандаи медали тиллои олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё шудааст.
Мӯҳр