Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои шиносоӣ бо рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар кард.
Тавре аз маркази матбуотии президенти Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмон зимни боздид аз ин ноҳия бо рафти сохтмон ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои пешқадами кишоварзӣ шинос шуда, доир ба паҳн намудани таҷрибаҳои навтарини ибратбахш чораандешӣ мекунад. Яке аз иншоотҳои азими ин ноҳия, ки президент бо ҷараёни корҳои сохтмонии он шинос гардид, корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр Семент» мебошад. Ин ширкат бо сармоягузории муштараки 100 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони тоҷику чинӣ сохтмонаш идома дорад.
Гуфта мешавад, иқтидори солонаи ин корхона 1 миллион тонна маҳсулот буда, то моҳи августи соли 2013 сохта ба истифо дода хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, ҳоло 20% корҳои сохтмонии корхонаи мазкур анҷом ёфтааст.
Мӯҳр