Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар Олимпии Лондон ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дилшод Назаров дар мусобиқаи интихобии гурзандозон, дар гурӯҳи «А», ки аз 20 нафар иборат буд, бо натиҷаи 75 метру 91 сантиметр мақоми 7-ум касб кард. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар ҳарду гурӯҳ 12 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниҳоӣ, ки бегоҳи 5-уми август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Дилшод Назаров, ки дар ҷамъбасти умумӣ мақоми 8-умро касб кард, ба финал баромад ва барои ҷоизаҳои олимпӣ талош дорад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Катерина Измайлова дар намуди шиноварӣ аз идомаи сабқатҳо маҳрум гардид.
Ҳамин тариқ, то имрӯз ҳашт варзишгари тоҷик дар бозиҳои олимпии Лондон ҳунарнамои карданд. Сергей Бабиков (тирандоз), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ).
Боз ҳашт намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Лондон қувва ҳоханд озмуд: Мавзуна Чориева (муштзанӣ), Владислава Овчаренко (варзиши сабук), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов (таэквон-до), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам (гуштии тарзи озод).
Мӯҳр