Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 335 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 48 дар сади он ба вилояти Суғд рост меояд.
Дар вилояти Суғд дар 6 моҳи ахир 159 худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳолат бештар мебошад. Афзоиши худкушӣ дар шаҳри Душанбе 24 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ҷумҳурӣ тайи моҳҳои январ-июн нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳолати худкушӣ 23 адад зиёд шудаст.
Масъулини прокуратураи кишвар мегӯянд, дар нимсолаи аввал барои расондан ба худкушӣ 24 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аз он 17 парванда ба суд иросол гардида, дигарҳо мавриди тафтиш қарор доранд.
Дар қатори сабабҳои асосии худкушӣ- беморӣ, вазъи мушкили иҷтимоӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ ва дигар омилҳо номбар мешаванд.
Мӯҳр