Уилям Хейг, вазири умури хориҷии Британияи Кабир ваъда кард, ки ҳаҷми кӯмаки ғайринизомӣ ба ошубгарони суриягиро афзун хоҳад кард.
Хейг аз истеъфои Кофи Анан аз симмати сафири байналмилалӣ оид ба Сурия изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, ки ин тасмим метавонад ба талошҳои дипломатӣ ҷиҳати ҳали буҳрони Сурия таъсири манфӣ расонад.
Тибқи хабарҳои расида, имрӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия ба маҳали мухолифон дар шаҳри Алеппо ҳуҷум кардаанд. Дар Димишқ низ, ки таҳти назорати ошубгарон аст, задухурдҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ шаби гузашта бар асари тирборони лагери фирориёни фаластинӣ, воқеъ дар наздикии Димишқ 21 нафар ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Маркази назорати ҳуқуқи инсон мегӯяд, рӯзи гузашта ҳудуди 180 нафар қурбони хушунатҳои Сурия гардиданд.
Мӯҳр