Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, норасойии йод, ки миёни мардуми кишвар васеъ паҳн аст, ба ақл ва қобилияти зеҳнии миллат таҳдид дорад.
Шералӣ Раҳматуллоев, масъули вазорати мазкур зимни ҳамоише дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки дар натиҷаи нарсидани йод дар организм, одамизод гирифтори бемори ҷоғар мешавад. Ҷаноби Раҳматуллоев ҳушдор дод, норасоии йод миллатро беақл мекунад: «Тифле, ки аз модари гирифтори ҷоғар ба дунё меояд, гипотиреоза аст. Чунин тифлон қадпаст буда, хуб инкишоф намеёбанд. Агар тамоми занҳои мо ҷоғар дошта бошанд, миллат беақл мешавад. Ин хатари ниҳоят хавфнок аст».
Ин масъули Вазорати тандурустӣ мегӯяд, заминҳои Тоҷикистон ба далели набудани баҳр йод надоранд ва мувофиқан дар таркиби растанию сабзавот ҳам йод кам аст. Вай манбаи асосии йодро дар Тоҷикистон намак арзёбӣ карда, бо таасуф гуфт, ки бисёри мардуми кишвар намаки бейодро истеъмол мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи хабарҳо дар бозору мағозаҳои кишвар ҳам бештар намакҳои бейод дар фурӯш гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ин намакҳоро аз конҳо рабуда ва ба савдо мезананд.
Мӯҳр