Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, ки дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби 65 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ба шаҳрвандон 2 ҳазору 61 ҷойи корӣ пешниҳод гардид.
Аз ин миқдор ҷойҳои кори холӣ 11 ҳазору 67-тоаш ба ихтисоси занона мансуб аст. Сафаралӣ Ҳакимов, муовини сардори раёсати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба Озодагон гуфт, чунин ҷойҳои кори холӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, сохтмон, манзилию камуналӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва санъат ба корҷӯяндагон пешниҳод гардидааст, ки музди миёнаи меҳнат 463 сомониро ташкил медиҳад: «Соли равон 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки 558 нафар ба кор таъмин гардиданд ва 166 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтаанд». Номбурда таъкид намуд, ки 4 ярмаркаи соҳавӣ бо Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи занон гузаронида шудааст, ки тавассути он 108 нафар ба кор таъмин гардиданд.
Мӯҳр