6 миллион нафар муҳоҷир дар соли равон барои Русия зарур аст, то бархе аз соҳаҳои ин кишвар фалаҷ нагарданд.
Бино ба навиштаи расонаҳои ин кишвар аксари муҳоҷиронро давлати федеролӣ аз Осиёи Марказӣ интизор аст. Дар ин бора сарвари озмоишгоҳи муҳоҷирати аҳолии Институти банақшагирии хоҷагии халқи АУ Русия Жанна Зайончковская изҳор кардааст. Бино ба гуфтаи бону захоири нерӯи корӣ аз кишварҳои Укроин, Белорус ва Молдова барои Русия бинобар сабаби иҷозаи муҳоҷират ба кишварҳои Аврупои наздик лағв гардида, аз ин ба баъд шаҳрвандони ин мамолик бештар ба Урупо барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин рӯ мақомоти Русияро лозим аст, ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ намуда, дар ин росто чораҳоӣ фаврӣ андешанд. Жанна Зайончковская афзудааст : «Бояд ба кишварҳои Осиёи миёна умед баст ва аммо захоири нерӯи корӣ дар ин кишварҳо аз 6 миллион нафар беш нест. Баъди иҷозаи вуруди муҳоҷирини корӣ аз сӯи созмони Иттиҳоди Аврупо раванди ҷалби мутахассисони рус ба кишварҳои Аврупо меафзояд ва моро лозим аст, ки барои пурра кардани ин хало бештар ба муҳоҷирини Осиёи марказӣ такя намоем».
Эхтиёҷи расмии Русия ба нерӯи қобили кор бошад то соли 2025 ба 20 миллион нафар хоҳад расид.
Мӯҳр