Масъулини оҷонсии итилоотии «Asia plus» ин дафъа шояд ба суд муроҷиат намоянд.
Зебо Тоҷибоева, директори иҷроияи ин хабаргузорӣ аснои сӯҳбат бо Озодагон гуфт, ки дигар бо масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат наменамоянд ва гуфтушунид ҳам карданӣ нестанд: «Қаблан, пас аз масдуд гардидани дастрасӣ ба сомона, ду маротиба ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат намудем, аммо бефоида анҷом ёфт, ин навбат дигар намехоҳем ба ин ниҳод муроҷиат намоем».
Дар ҳамин ҳол, бону Тоҷибоева мегӯяд, барои бори якум масдуд кардани дастрасӣ ба сайти моро (
www.asiaplus.tj) ба пахши ҳар гуна шарҳу комментҳои ноҷо иртибот доданд, дафъаи дуввум бошад, ҷавоби мушаххас надоданд ва ҳоло фикр мекунам, барои муроҷиат ба ин хадамот дигар зарурате нест, яъне муроҷиат ба он бефоида аст. Директори иҷроияи оҷонсии иттилоотии «Asia plus» таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳеҷ гуна посухӣ расмӣ дар бораи бастани сомона ба онҳо нарасидааст.
Ёдрас менамоем, тайи 10 рӯзи ахир сайти «Азия-Плюс» ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин сомонаҳои дигар, аз ҷумла Вести, Би-би-сӣ, "Озодагон", Памир-Вести ва Youtube пайиҳам масдуд шуд. Гуфта мешавад, рӯзи гузашта сафорати ИМА бо пахши як баёния аз масдуд шудани дастрасӣ ба сайти «АП» изҳори нигаронӣ кард. Дар номаи ин сафорат аз ҷумла омадааст: «Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо ҳимоят ва кишварҳои дигарро низ ба он даъват мекунем. Ҳангоми маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурдани маълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо ва маҳдудшавии интихоби одамон ҷараёни озодии иттилоот маҳдуд шуда, арзиши интернет барои одамон коҳиш меёбад».
Созмону ташкилотҳои журналистӣ, САҲА низ дар дафъаи гузашта аз бастани сомонаи «Asia plus» ибрози нигаронӣ карда буданд, аммо пас аз иҷозаи фаъолият дастрасӣ ба ин сайт аз рӯзи 1-уми август номумкин шуд.
Мӯҳр