Корхонаи «Комбинати гӯшту шир»-и шаҳри Душанбе нақшаи иҷрои ӯҳдадориҳояшро барзиёд таъмин кардааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, ташкилоту корхонаҳои КВД «Гӯшту шир» аз аввали соли равон ба маблағи 10 миллиону 308 ҳазору 994 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Бино ба қавли манбаъ, чунин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 126,9 дарсад зиёд мебошад. Дар пешрафти кори соҳаи саноати гӯшту шир, корхонаҳои шаҳри Душанбе нақши асосиро иҷро мекунанд. Саттор Ғафуров, раиси КВД «Гӯшту шир» мегӯяд, дар ин дастовардҳо саҳми ҶСП «Комбинати шири Душанбе», «Комбинати гӯшту консерва» ва ҶДММ «Фабрикаи шири «Саодат» назаррас мебошад.
Мӯҳр