Айни замон ҷалби атфол ба кӯдакистонҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 10 дар садро ташкил медиҳад. Ин рақам барои рушди маориф нокофӣ аст. Ин нуктаро Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон изҳор дошт.
Номбурда ҷалби нокофии кӯдакон ба боғчаҳоро мушкилоти асосии зинаи томактабии таҳсилот дар ҷумҳурӣ унвон кард. Фарҳод Раҳимов гуфт, дар шаш моҳи соли 2011 дар қаламрави кишвар 494 муасиссаи томактабӣ бо ҷалби ҳамагӣ 7 фоизи кӯдакони синни томактабӣ фаъолият мекард. «Вазорати маориф бо мақсади ҷалби бештари кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот шаклҳои алтернативии ин муассисаҳоро ба монанди Маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистонҳои оилавӣ ва кӯдакистонҳои наздимактабӣ коркард ва таъсис дод. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 609 Марказҳои инкишофи кӯдакон ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 - 271 адад зиёд мебошад, ки ба 10 дар сад баробар аст»,-афзуд муовини вазир.
Ба қавли ҷаноби Раҳимов, ин нишондод ҳам онҳоро қаноатманд карда наметавонад ва мувофиқи нишондоди нақшаи дурнамои Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2013-2020 фарогирии кӯдакон ба зинаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд ба 50% расонида шавад.
Мӯҳр