Дар пайи амалиёти кормандони АНМН дар ҳудуди шаҳри Душанбе як миқдор маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре аз агентии мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа автомашинаи тамғаи «Тико», таҳти идораи шаҳрванди 37- солаи кишвар манъ карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили он ду халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд, ки дар даруни якеи он воситаҳои алафмонанди ранги сиёҳу сабзчатоби бӯи махсус дошта ва дар дигараш маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатоб ҷойгир карда буданд.
Манбаъ илова намуд, ки ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи героин дар ҳаҷми 1 килограмм ва қариб 2 килограмм ҳашишро ташкил дод.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Мӯҳр