Бино ба маълумоти дафтари матбуоти пулиси Маскав ин дувумин инфиҷор аст, ки дар тӯли ин рӯз ба амал омадааст. Чанд муддат пештар дар километри 22-юми шоҳроҳи МКАД нафарони номаълум дидбонгоҳи БДА-ро тарконданӣ шуда, аз пушти девори баланд ба сӯи дидбонгоҳ маводи тарканда ҳаво додаанд. Маводи тарканда ба нуқтаи гуфтугӯи телефонии ҳудуди дидбонгоҳ бархӯрда, таркидааст. Фавран дар хусуси таркиш дар назди дидбонгоҳи БДА сардори РУД -и Маскав Владимир Колоколтсев хабардор карда шуда, сарварони минтақаии пулис ба ҷойи ҳодиса расида омадаанд.
Дар ҳамин ҳол пулиси Маскав замоне баъд, хабари инфиҷор дар назди дидбонгоҳи БДА-ро бепоя хонд ва аммо навори ин инфиҷор аз сӯи гурӯҳи анархистие, ки дертар ин амалро ба дӯши худ гирифтаанд, дар интернет гузошта шудааст.
Хушбахтона, дар ин инфиҷор касе ҷароҳат надидааст. Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |