Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик дар нахустин дидор бо рақиби пурқуввати худ дар Олимпиадаи Лондон шикаст хӯрд.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз макони баргузории мусобиқот ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода афзуд, ки боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яҳё Элмекачарӣ азТунис мағлуб шуд ва аз идомаи муборизаҳо маҳрум гардид.
Ҳамчунин Расул Боқиев, ки дар ду даври аввали сабқат рақибони худро шикаст дод, дар қисмати ¼ ниҳоӣ натавонист ба Рики Накаяи ҷопонӣ дастболо шавад. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, Расул Боқиев дар ҷараёни сабқат ду огоҳӣ гирифт аз ин рӯ ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд. Ҳамин тавр, Рики Накая ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Расул Боқиев, ки барои нишони биринҷӣ муборизаро идома медод, муваффақ нашуд. Дар ин сабқат рақиби ӯ -Уго Легранди фаронсавӣ буд, ки Расул дар ин сабқат низ ду огоҳӣ гирифт ва ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд. Бо ин шева Расул Боқив аз идомаи қувваозмоӣ барои нишони биринҷӣ низ бенасиб гашт.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи аввали мусобиқот, ду варзишгари тоҷик, тирандоз Сергей Бабиков ва муштзан Собирҷон Назаров қувваозмоӣ карданд. Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро соҳибӣ кард. Дар сабқати бокс бошад, дар даври 1/16 ниҳоӣ Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи холҳо ё аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Ҳамин тавр, дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, рӯзи 1-уми август ду варзишгари дигари тоҷик Парвиз Собиров, дар риштаи дзюдо дар вазни -91 кило ва Катерина Измайлова,аз рӯи намуди шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр