Дар маркази вилояти МКБ супоридани силоҳу муҳимоти ҷангӣ аз сӯи сокинон идома дорад.
Тибқи иттилои ВКД, то шоми рӯзи гузашта беш аз 200 адад яроқ ба мақомот таслим карда шуд ва супоридани он идома дорад. Гуфта мешавад, дар минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, ба хусус даҳҳо мил автомати «Калашников», пулемёт, норинҷакҳо, гранатамёт, снарядҳо, тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқҳои вазнини ҷангиву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин маводи доруворӣ, ки ҳангоми ҷароҳат бардоштан истифода карда мешавад, гирифта шуданд.
-Бо ҳидояту роҳнамоии як зумра занону модарон, пешвоён ва аҳли зиё, зумраи алоҳидаи ҷовонони кӯтоҳандеше, ки бо дасисаву ҷалби нафарони ҷиноятпеша ба даст силоҳ гирифта буданд, ихтиёран онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида, худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданд,-иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ВКД.
Мӯҳр