Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон тасмими нави Ӯзбакистонро дар бораи ҷорӣ намудани низоми иҷозатномадиҳӣ барои убури воситаҳои нақлиёти хориҷӣ, ки аз 1-уми августи соли равон ҷорӣ мегардад, идомаи монеасозиҳои сунъӣ хонд.
Тибқи талаботи нави ҷониби Ӯзбакистон ширкатҳои хориҷие, ки минбаъд аз қаламрави ин кишвар бор интиқол медиҳанд, бояд қаблан аз Агентии нақлиёти автомобилӣ иҷозатнома гиранд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бора аз ҳамтоёни ӯзбакашон ҳуҷҷати расмӣ нагирифтаанд: «Вақте аз интернет ин қарорро фаҳмидем, 15 дақиқа пас ба сафорати Тоҷикистон дар Тошканд тамос гирифтем, то қазияро маълум созем. Масъулини ӯзбак мегӯянд, ин иқдом ба Тоҷикистон дахл надорад, барои кишварҳое ҳаст, ки бо Ӯзбакистон шартномаи дуҷониба доранд».
Ба қавли вазири тоҷик, то имрӯз дунболи ҳамин масъала ҳастанд, то ҳуҷҷати расмӣ дастрас намоянд, ки собит созад, қарори мазкур ба Тоҷикистон дахл надорад: «Тариқи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон ба Агентии нақлиёти автомобили ин кишвар муроҷиат кардем. Ҳамарӯза бо масъулини ӯзбак дар тамосем, то ҳуҷҷат гирем, ки қарори мазкур ба Тоҷикистон дахл надорад».
Низом Ҳакимов мегӯяд, ин навоварӣ гарчанде бевосита ба Тоҷикистон дахл надошта бошад ҳам, ба воситаи таъсир ба шарикони ҳамкор ба кишвари мо ҳам зарар мерасонад.
Мӯҳр