Расул Боқиев, варзишгари шинохтаи тоҷик дар дуюмин қувваозмоияш низ бар ҳарифи худ дастболо шуд.
Дар қисмати 1/8 ниҳойии Олимпиадаи Лондон-2012 дар намуди дзюдо ӯ Наврӯз Ҷӯрақобилови ӯзбакистониро шикаст дод. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев сӯхангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз Лондон иттилоъ дод.
Қабл аз ин вай Даниел Виллямс, намояндаи Бритониёи Кабирро мағлуб карда буд. Ҳарифи ӯ дар қисмати ¼ финалӣ Рики Накаяи ҷопонӣ аст. Ин рақобат имрӯз баргузор мешавад.
Мӯҳр