Чанд лаҳза пештар Расул Боқиев, варзишгари шинохтаи тоҷик дар доираи сабқати олимпиадаи Лондон-2012 Даниел Виллямс, намояндаи Бритониёи Кабирро шикаст дод.
Ба ин тартиб Боқиев, ки дар вазни то 73 кило қувваозмоӣ мекунад, даври 1/16 ниҳоиро пушти сар гузошт.
Дар даври 1/8 финал, имрӯз 30-юми июл Расул Боқиев бо Наврӯз Ҷӯрақобилови ӯзбакистонӣ рақобат мекунад.
Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 таваллуд шудааст. Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дзю-до, дукарат барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё,
барандаи медали тиллои Ҷоми ҷаҳон, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 мебошад.
Мӯҳр