Маркази минтақаии Созмони Милал барои дипломатияи пешгиранда дар Осиёи Марказӣ ва дафтари намояндагии СММ дар Душанбе бо судури як баёния дар ин маврид иброз доштаанд.
Дар ин изҳорот, ки шаби гузашта ба расонаҳо ироа гардид, навишта шудааст, ки СММ аз даргириҳои хушунатбор дар Хоруғ ва талафоти ҷонӣ нигарон аст.Дар ин баёния омадааст, ки Созмони Милал аз замони оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ аз 24 июл ба ин сӯ таҳаввулот дар ин шаҳрро пайгирӣ мекунад. Зимнан дар баёния омадааст, ки СММ аз тамдиди мӯҳлати оташбас истиқбол мекунад, аммо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки барои таъмини амнияти ҳаёти сокинони осоишта шароити мусоид фароҳам оварда шавад: « Алалхусус аз ҳама тарафҳои даргир мехоҳем, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд ва дастрасии бемамониати мардум ба ёрии тиббиву санитарӣ, ғизо ва маводи ниёзи аввалро таъмин намоянд».
Ҳамзамон, эълом шудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми осебдида омода аст. Бо ишора ба қатъи алоқа бо ВМКБ СММ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин амр боиси нороҳатӣ ва нигаронии бадахшониҳои хориҷ аз зодгоҳ шуда, ки чанд рӯз инҷониб наметавонанд, аз ҳоли наздикону пайвандонашон бохабар шаванд.
Мӯҳр