Анвар Наҷмиддинов, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон рӯй тофтани сармоягузори эҳтимолии навбатиро аз иштирок дар музоядаи коркарди Кони Мансури Калон як падидаи маъмулию интизорӣ гуфт.
Ахиран, калонтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон «BHP Billiton»-и Австралия ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ кардаст, ки аз иштирок дар музоядаи интихоби пудратчии коркарди Кони Мансури Калон даст кашидаст.
Соли 2010-ум 10 ширкати хоҳишманди коркарди Кони Мансури Калон ба ҳукумат ҳуҷҷат супорида аз миёнашон чор ширкат – калонтарин ширкати кӯҳкори ҷаҳон «BHP Billiton», калонтарин истеҳсолкунандаи тилло дар Чин «Zijin Mining», як ширкати дигари истеҳсолкунандаи никел дар Хитой «JNMC» ва консорсиуми қазоқии «Казсинк» интихоб шуданд. Аввал ширкатҳои Чин ва акнун ширкати австралиёгӣ аз иштирок дар коркарди Кони Мансур даст кашидаанд.
Анвар Наҷмиддинов, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, дасткашии ширкатҳо аз лоиҳа ин падидаи маъмулист. Вай мегӯяд дар натиҷаи шиносоӣ бо кор ва талаботи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Кони Мансур бисёри сармоягузорон аз он даст кашидаанд ва ҷониби Тоҷикистон инро интизор дошт.
Аз ҷавоби мушаххас, ки кадом талаботи ҳукумат сармоягузоронро аз иштирок дар музояда барои кони Мансури калон гурезондаст, Наҷмиддинов худдорӣ кард.
Дар баробари ин вай таъкид кард, ки ҳанӯз аниқ нест, ки ягона номзад-консорсиуми байналмилалии «Казсинк» ба коркарди кони Мансури калон машғул хоҳад шуд ё на.
Тибқи маълумоти геологӣ захираи маъдани кон 1 миллиард тонна ва дар таркиби ҳар тонааш 49 грам нуқра, сурб 0,49 фоиз ва синк 0,38 фоизро ташкил медиҳад. Пешакӣ захираҳои нуқра дар кон ҳудуди 70 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, барои коркарди он беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.
Мӯҳр