Дар ин бора аз РКД-и вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд.
Фирӯз Боқӣ, сухангӯи дафтари матбуотии ин сохтори қудратӣ гуфт, ки шаби 18 июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии худ сокини 66-солаи ноҳияи Ғафуров- Абдусалом Сайфуддинов ва боз се нафар меҳмонони ӯ бо зарби табар кушта шудаанд: «Вале аз из ҷиноят танҳо санаи 23 июл огаҳи ёфтанд, ки ҷасадхо аллакай бӯ гирифта буданд».
Манбаъ афзуд, бо иттиҳоми содир намудани ин ҷиноят, шаби гузашта як сокини вилоят дастгир карда шудааст. Ба манзури халал ворид накардан ба раванди тафтишот исми боздоштшуда махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мӯҳр