Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, як қатор ноҳияҳо, аз қабили Хуросон, Панҷ, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро таъмин карда натавонистаанд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия иброз намуд, ки нақшаи даромади буҷетро ноҳияи Хуросон 144 ҳазор сомонӣ, Панҷ 318 ҳазор сомонӣ, Конибодом 454,2 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Мастчоҳ ба андозаи 15% таъмин накардаанд. Номбурда илова намуд, ки қисми хараҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон дар 6 моҳаи аввали ҳамин сол ба андозаи 92,3% иҷро гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, муовини аввали вазири молия таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 1949 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 584 миллион сомонӣ, тандурустӣ 295 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 918 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 153 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 100,3 миллион сомонӣ, энергетика 641,4 миллион сомонӣ, нақлиёт ва комуникатсия 190 миллион сомонӣ равона карда шудааст: «Маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳамаи намуди ҷубронпулиҳо ва кӯмакпулиҳо ба аҳоли ва инчунин сохтумони муҳими иншоотҳои давлатию чорабиниҳои ҷашнӣ пурра таъмин карда шудаанд».
Мӯҳр