Андоз аз истифодабарандагони роҳ дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи коршиносон асоси иқтисодӣ надорад, аз аввали соли оянда сабуктар ва аз соли 2017 –ум пурра лағв мешавад.
Айни ҳол ин намуди андоз аз ташкилотҳое ҳам, ки воситаи нақлиёт надоранд ситонда мешавад.
Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд аз соли оянда меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминотию фурӯш дар ҳаҷми 0,5 фоиз ва барои дигар намуди фаъолият дар ҳаҷми 2 фоиз боқӣ мемонад. Ҳамзамон пешбинӣ гардидаст, ки аз 1 –уми январи соли 2015 меъёри андози мазкур барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминотию фурӯш ба андозаи 0,25 фоиз, барои дигар намуди фаъолият дар ҳаҷми 2 фоиз ва аз 1 –уми январи соли 2017 андози мазкур пурра бекор карда шавад.
Айни ҳол масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тақозо доранд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳ ба муассисаҳои коммуналии ноҳияҳо супорида шавад, то роҳҳои дохилиашонро таъмир намоянд. Дар мавриди пешниҳоди ин муассиса ҳукумат ҳанӯз қарори мушаххас набаровардаст.
Мӯҳр