Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди он, ки гӯё Бонки миллӣ аз президенти Тоҷикистон барои тафтиши суратҳисоби мудири кулли ширкати «ТоҷикЭйр», Музаффар Исҳоқов супориш гирифтаст, рад кард.
Ширинов изҳор дошт, ки чунин гапҳоро, ки гӯё дар натиҷаи тафтиш ва дарёфти 15 миллион доллар дар суратҳисобҳои Исҳоқов , вай аз кишвар гурехтаст, бори аввал мешунавад. Исҳоқов дар нишасти матбуотии бахшида ба фаъолияти 6 моҳаи ширкати «ТоҷикЭйр» иштирок надошт. Исмоил Ғаффоров, директори тиҷоратии ширкат сабаби ҳузур надоштани раисашонро беморӣ гуфт.
Ширинов мегӯяд, дар Тоҷикистон то ҳозир ягон ҳолати пулшӯӣ аз ҷониби ширкату мансабдорон ба қайд гирифта нашудаст.
Мӯҳр