Бахшҳо
08 июн 2011 09:14Хабарҳои ҷаҳон

Боз ҳам масҷиду калисо ва боз кашмакаш

Сохтмони калисоҳои масеҳӣ барои рушди соҳаи иҷтимоӣ монеа шуда наметавонад.

Ҳамчунин сохтмони 200 калисои масеҳӣ ҳеч рабте ба сохтмони боғчаҳои кӯдакона надошта, барои иҷрои ин амал  мушкиле эҷод нахоҳад кард, гуфтааст, зимни як изхороташ маркази иттилоотии Калисои масеҳии Русия (РПС).  Сарвари маркази иттилооти КМС Владимир Легойда афзудааст, тибқи тасмими патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл ва дастгирии ҳукумати шаҳр дар Маскав 200 калисои масеҳӣ ба таври оҷил сохта мешавад.

 

- Пештар баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ манзур намудани манзили барои сохтомони калисо ҷудошударо барои сохтани боғчаҳои бачагона бо далели он ки боғча нисбат ба калисо авлавият дорад, пешниҳод карда буданд. Бо ин вуҷуд, ки норасоии боғчаҳои бачагона мушкилоти ҷиддии имрӯзи шаҳр аст, аммо наметавон аз ҳисоби манъ кардани сохтмони калисоҳо ин мушкилро бартарф кард. Дар ин маврид кор гирифтан аз тадбири «ё боғча, ё калисо»  нодуруст аст, гуфтааст масъули маркази хабарии КМР Владимир Легойда.

Дар ҳоле ки Калисои масеҳии Русия (КМР) аз сохтани оҷилии 200 ибодатгоҳи масеҳӣ хабар медиҳад, шаҳрдории Маскав бо баҳонаи ҳамойиши эътирозии мардум сохтмони масҷиди мусулмониро дар минтақаи «Текстилшики»-и ин шаҳр боз дошта, ба ҷояш сохтмони боғчаи бачагонаро шурӯъ кардааст.

Гуфтанист, бо ин вуҷуд, ки бино ба маълумоти Шӯрои муфтиёти Русия дар Маскав ба ғайр аз муҳоҷирини мусулмон беш аз 2 миллион мусулмон ба таври доимӣ ба сар мебаранд, дар ин шаҳр ҳамагӣ 5 масҷиди ҷомеъи мусулмонӣ фаъолият дошта, норасоии ҷойи ибодат дар рӯзҳои ҷумъа ва идайн бараъло эҳсос мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)